Шумо қоғазпора, пластикаи фулузин ва шиша ҷамъоварӣ менамоед ва мефурӯшед?
Ашёҳои дуюминро бевосита аз сокинон бе партовҳо қабул намоед ва ба фурӯш бароред!
Замимаи мобилиро насб намоед
1
Замимаро барои ҷамъоваранда насб кунед ва ашёи дуюминро ҷамъоварӣ намоед, ки аз ҳисоби он бо осонӣ маблағ ба даст овардан мумкин аст!
Замимаро насб намоед
2
Сокинони биноҳо ашёи дуюминро дар пакети алоҳида месупоранд. Бидуни партовҳо
3
Онҳоро аз рӯи намудҳо ба хелҳо ҷудо намоед ва бевосита дар замима бо нархҳои беҳтарин фурӯшед
Дар як моҳ то 20 000 маблағ ба даст оред
Ҳамарӯза дар хоҷагиҳои биноҳои истиқоматӣ, ки ба sborbox пайваст гардидаанд, ашёҳои дуюмин ҷамъоварӣ мешаванд, ки сокинон онҳоро дар пакети алоҳида ҷойгир менамоянд.

Зарур аст, ки пакетҳои дорои ашёи дуюмин ҷамъоварӣ карда шуда, аз рӯи намудҳо ҷудо карда шаванд ва ба шарикони мо — интиқолкунандаҳо фурӯхта шаванд.

Ба даст овардани маблағро имрӯз оғоз намоед!
Фақат бо осонӣ ва бехатар маблағ ба даст оред!
Ашёи дуюминро ҷамъоварӣ намудед, вале ба куҷо супоридани онро намедонед?

Мумкинки шуморо нисбат ба нарх фиреб медиҳанд ё «аз тарозу мезананд»?

Дар sborbox ҳамаи шартномаҳо бо харидорони бақайдгирифташуда аз рӯи нархи пешаки муқарраргардида ба амал бароварда мешаванд.
Ба таври қонунӣ маблағ ба даст оред!
Ба сифати шарик-ҷамъоварандаи sborbox кор кардан — ин маънои пурра дар доираи қонунгузории Федератсияи Русия амал карданро дорад.

Ҳамаи ашёҳои дуюмин, ки бо ёрии sborbox ҷамъоварӣ карда шудаанд, дар асоси қонун ба шумо тааллуқ доранд ва шумо пурра ҳуқуқи фурӯши онҳоро доред.
Ин чи хел кор мекунад
1
Дар телефони мобилиатон интернети мобилиро пайваст намоед, ба браузер ворид шуда, онро пахш намоед:

Замимаро насб намоед
Браузерҳои — Chrome (барои телефонҳои Android), Safari (барои IPhone)
2
Худро ба қайд гиред
3
Дар харита шумо ҷойгиршавии худ ва биноҳои наздиктаринро мебинед, ки дар онҳо қайдҳо бо нархи тақрибӣ ҷой гирифтаанд ва шумо бояд онро бо ҷамъоварии пакетҳо аз сокинони пайвастгардида ба даст оред
Бо гузашти вақт сокинони нав пайваст карда мешаванд. Даромади шумо мунтазам меафзояд
4
Ба биноҳои писандомада пайваст шавед. Шумо мебинед, ки дар кадом ошёна ва дар куҷо мушаххасан пакетҳои дорои ашёи дуюмин шуморо интизор аст. Дархостҳоро иҷро кунед ва маблағ ба даст оред!
5
Бо гирифтани хабарнома оиди пайдо шудани пакет, шумо дар вақти қулай онро мегиред ва дар замима тугмаи «Гирифтам»-ро пахш менамоед
6
Минбаъд шумо ашёи дуюминро ба намудҳо ҷудо менамоед. Бо баробари дар шумо ҷамъоварӣ шудани миқдори зарурӣ — фурӯшед!
7
Ба майдончаи «Мефурӯшам» гузаред
8
Намуди дахлдори ашёи дуюминро интихоб намоед ва нархеро мебинед, ки аз рӯи он ашёро фурӯхтан мумкин аст
9
Вазни эштимолии ашёи дуюминро ворид намоед
10
Вақте, ки харидор хоҳиши хариданро дорад — ба шумо хабарнома меояд. Шумо ранг, рақами автомобил, суроға ва маълумотҳои тамосгирӣ бо харидорро қабул менамоед
11
Муомилаи хариду фурӯш дар суроғаи қаблан нишондодаи шумо ба амал бароварда мешавад. Харидор вазни ашёи дуюминро бар мекашад ва миқдори вазнро ба замима ворид менамояд. Шумо онро дар экрани шартнома мебинед. Агар шумо розӣ бошед — шарномаро иҷро менамоед
Шумо ва харидор маблағи ниҳоии шартномаро мебинед. Маҳз маблағи мазкурро харидор бояд ба шумо пардохт намояд — шартнома иҷро шуд.